Мулоқот бо Директори Агентии миллии "Узбеккино"

06.07.2021 10:03

Рӯзи 1 июли 2021 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд мулоқоти Сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори Агентии миллии "Узбеккино" Фирдавс Абдухаликов баргузор гардид.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои судманди ду кишварро оид ба синамо мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мақсад аз мулоқти мазкур муҳокимаи таҳияи филми таърихӣ оид ба тарғиби дӯстии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ буд, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон матраҳ гардида буд.

Дар идома, Сафир А. Раҳмонзода лоиҳаи Консепсияи таҳияи сенарияи филми таърихиву бадеиро вобаста ба шахсияти А. Ҷомӣ ва А. Навоӣ, ба таври мухтасар муаррифӣ намуд.

Дар навтаби худ Ф. Абдухаликов иброз намуд, ки воқеан ташаббуси мазкур аз ҷониби Роҳбарони ду кишвари ба ҳам дӯст ва бародар садо дода буд. Ҷониби Ӯзбекистон аллакай корҳои муқаддамотиро бо КВД КВ “Тоҷиккино” шурӯъ намудааст. Ҷонибҳо инчунин якқатор масъалаҳои ҳамкориро дар самти таҳияи филмҳои муштарак матраҳ намуданд.

Дар интиҳои суҳбат аз ҷониби Фирдавс Абдухаликов якчанд китобҳои нодир ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

safir22.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg