Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои мавзӯии сатҳи баланд таҳти унвони “Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим”

27.10.2021 09:18

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.

Пиряхҳои мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва  ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ  ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд. 

Вобаста ба ин, мехостам бори дигар таъкид намоям, ки таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба таври возеҳ ба назар мерасад ва ин масъала бояд дар маркази диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус роҳбарони давлатҳои аъзои Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлим қарор дошта бошад.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъйини  санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” бори дигар таъкид намоям. 

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар доираи он мо тавонем муштаракан талошу захираҳоямонро ҷиҳати иқдомоти амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби соф сафарбар намоем,  борҳо даъват ба амал овардааст. 

Боиси хушнудист, ки ба наздикӣ Созмони ҷаҳонии метеорологӣ ва абзори “Созмони Милали Муттаҳид – Об” бо дастгирии фаъоли як қатор кишварҳои шарик ташаббуси наверо пешниҳод намуд, ки мавқеъгирии ҳамгирошударо дар муқовимат бо тағйирёбии иқлим, маҳдудшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва бад шудани сифати он пешбинӣ менамояд.

 Тоҷикистон ба мақсади пурра гузаштан ба Идораи ҳамгироёнаи захираҳои об  бо таъкиди хос ба истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои об дар сатҳи милливу минтақавӣ минбаъд низ саъю талош хоҳад кард.

Дар ин зимн Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва ба сифати раисикунанда дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бори дигар таъкид менамояд, ки дар доираи ин ва дигар чорчӯбаҳои муҳимми байналмилалӣ ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир хоҳад кард. 

Хонумҳо ва ҷанобон,

Дар баробари ин, мехоҳам зикр намоям, ки саҳми кишвари мо дар пешгирӣ аз раванди гармшавӣ мусбат арзёбӣ мегардад, зеро ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ сифру аз даҳ ҳазор се (0,0003) фоизро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишномаи Париж ихтиёран уҳдадор гардид, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаиро аз 80-90 фоизи сатҳи соли 1990 зиёд накунад.

Дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65-75 фоизи нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад.   

Кам кардани ҳаҷми партовҳо ба фазо асосан аз ҳисоби идома додани истифодаи манбаъҳои бузурги энергияи таҷдидшаванда, бахусус гидроэнергетика ва энергияи офтоб муяссар хоҳад шуд.

Истифодаи ҳамгироёнаи ин ду навъи нерӯ метавонад на танҳо ба афзоиши истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаи таҷдидшаванда, балки ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби кишвар низ мусоидат намояд.

Бо дарназардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, мо ният дорем, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли энергияи “сабз” то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳем. 

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон айни ҳол 98 фоизи қувваи барқи худро  аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз лиҳози фоизи тавлид ва истифодаи энергияи “сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Ба қадри бунёди иншооти нави гидроэенргетикӣ, бахусус Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт, кишвари мо дар ин раддабандӣ ба ду зинаи дигар боло мебарояд.

Инчунин мехостам саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро ҷиҳати татбиқи барномаҳои барқарорсозии ҷангалҳо ва васеъ кардани майдони ҷангалпарварӣ таъкид намоям.

Тибқи Созишномаи Париж, чанде пеш Тоҷикистон ба Котиботи Конвенсияи қолабии тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид намунаи нави Саҳми муайянкунандаи партовҳои газҳои гулхонаиро дар сатҳи миллӣ омода ва пешниҳод намуд.

Дар фарҷоми сухан мехостам зикр намоям, ки расидан ба ҳадафҳои гузошташуда бе захираҳои зарурӣ, яъне сармоя, илм ва технологияҳо метавонад солҳои зиёд тӯл кашад.

Аз ин рӯ, барои бисёре аз кишварҳои рӯ ба тараққӣ мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин ҷода чун ҳарвақта масъалаи ниҳоят мубрам боқӣ хоҳад монд.  

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

http://president.tj/node/27066

Speech-of-President-at-the-Climate-Action-Conference-2-27-10-2021.jpgSpeech-of-President-at-the-Climate-Action-Conference-3-27102021.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg