Рӯзи 17 ноябри соли 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмозода бо Директори Китобхонаи миллии Ӯзбекистон Умида Тешабаева доир гардид.
Нахуст, Умеда Аминҷоновна Сафирро аз таърихи бунёди Китобхона, шароити он, толорҳои хониш, бойгонӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва “Гӯшаи китоби Тоҷикистон” шинос намуд.
Дар идома ҷонибҳо дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, мубодилаи китобҳо, тарҷумаи шоҳасарҳои классикони ду кишвар, табодули дастхатҳои нодири қадимӣ инчунин нусхаи маҷаллаҳо, рӯзномаҳо ва мақолаву рисолаҳои илмие, ки барои истифодаи олимони ҷавон аҳамияти калон доранд, ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ А. Раҳмонзода барои “Гӯшаи китоби Тоҷикистон” чанд адад китоб аз муаллифони тоҷик тақдим намуд.