Вохӯрӣ бо Муовини Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист

24.11.2021 13:07

Рӯзи 24 ноябри соли ҷорӣ вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Муовини Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист Ж. Казбеков доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба истифодаи имкониятҳои васеи ҳамкории байни ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зисти минтақа, аз ҷумла таъсиси мамнӯъгоҳ, мубодилаи ҳайвоноти нодир, омӯзиши таҷрибаи якдигар ва ғайра иброз намуданд.

Ҳамзамон, Сафир А. Раҳмонзода дар бораи нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори экосистемаҳои Помиру Олой барои ҳифзи бабри барфӣ ва нигоҳдории гуногунии биологӣ изҳори ақида намуд.

Дар навбати худ Муовини Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист Ж.Казбеков нисбати бойгариҳои сарватҳои биологии ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳоро ҷиҳати дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани вазъияти экологӣ дар минтақаро баён намуд.

Дар робита ба ин ҷонибҳо сафари мутақобилаи гурӯҳои кории мутахассисони соҳаро барои омӯзиш аз имкониятҳои васаъи ҳамкориҳо ба мақсад мувофиқ шумориданд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg