Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими имзо ва оғози Барномаи нави минтақавии UNODC

24.11.2021 21:20

24 ноябри 2021 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода дар маросими имзо ва оғози Барномаи нави Раёсати СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (солҳои 2022-2025) иштирок намуд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода зимни суханронӣ бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкориҳои мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо UNODC дар мавриди мубориза бо таҳдиду хатарҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризми байналмилалию ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккилона ва киберӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва савдои одамон, андешаронӣ карда, нақши Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии онро дар рафъи зуҳуроти номатлуби зикршуда, аз ҷумла ба воситаи расонидани кӯмаки фаннӣ, муҳим хонд.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ изҳори умедворӣ кард, ки Барномаи нави Раёсати СММ оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ (солҳои 2022-2025) бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ба андешидан ва роҳандозии тадбирҳои ҳамоҳангшудаи муассир ҷиҳати пешгирӣ ва муқовимат ба таҳдидҳои муосир равона хоҳад шуд.

Дар кори ҷаласа муовини Вазирро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ҳамроҳи намуд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg