Иштироки Сафир дар чорабинии илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба 80 солагии шоир, рӯзноманигор ва тарҷумон Ҷонибеки Қувноқ

13.11.2021 13:29

Рӯзи 13 ноябри соли 2021 бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба 80 солагии шоир, рӯзноманигор ва тарҷумон Ҷонибеки Қувноқ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, Раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дустӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Қурбонов, Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Г. Субҳонова, раисони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон дар шаҳру вилоятҳои ин кишвар ва намояндагони илм, зиёиён, ходимони созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, олимони адабиётшинос ва донишҷӯён ширкат намуданд.

Ҳамоишро Раиси Кумита оид ба муносибатхои байналмилалӣ ва дустӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Қурбонов ҳусни оғоз бахшида, дар робита ба ҳаёт ва фаолияти эҷодии шоир Ҷонибеки Қувноқ ба таври мухтасар маълумот дод.

Сипас, суханро ба Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон А. Раҳмонзода дод. Сафир зимни суханронӣ иброз дошт, ки Ҷонибеки Қувноқ ҳамчун корманди рӯзномаи давлатӣ, узви Иттиҳоди нависандагон ва журналистони ҷумҳурӣ, котиби раёсати Иттиҳоди журналистон ва раиси Шӯрои адабиёти тоҷики Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон масъулияти бузурги кориву ҷамъиятӣ бар дӯш дошт. Албатта, ин ҳама фаолияти ӯ беқадр намондааст. Ӯ ба ҷуз таҳсинномаю медалҳои зиёд ба унвони боифтихори Корманди шоистаи фарҳанги ҶШС Ӯзбекистон сазовор шудааст. Гузашта аз ин, бузургии шоир дар он аст, ки тавонист номи неки худро дар дилу ёди халқҳои тоҷику ӯзбек боқӣ гузорад. Ҳамчунин қайд намуд, ки Шоир Лоиқ Шералӣ ба Ҷонибеки Қувноқ хеле эҳтиром хосса дошт ва пас аз маргаш ашъори ӯро дубора мураттаб карда дастраси хонандагон намуд.

А. Раҳмонзода гуфт, ки мардуми сарбаланди ду кишвар асрҳои аср дар паҳлуи ҳам зиста, робитаи фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоии ногусастанӣ доранд. Агар ба дигар самтҳои ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон тайи даҳсолаҳои охир назар афканем, метавон гуфт, ки ҳар як шаҳрванди кишварҳои мо гузаштаи ин ҳамкориҳоро хуб дар ёд доранд. Мардуми ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар хуб дар хотир доранд, ки чигуна вазъият доштаанд ва имрӯз онҳо шоҳиди воқеии ин таҳаввулоти таърихӣ дар равобити дӯстӣ ва ҳамҷавории неки миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд. Ин ҳама аз талошу заҳмат, ҳиммат, хидмат, сиёсати хирадмандона ва дастовардҳои дурбинонаи сиёсати хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шаҳодат медиҳад, ки онро метавон баёнгари эҳё ва рушди ҳамкориҳои фарогир миёни ду кишвар арзёбӣ намуд.

Дар идома Сафир иброз намуд, ки мардуми моро муштаракоти фарҳангиву маънавӣ муттаҳид месозад. Аз ҷумла урфу одат, анъанаҳо, тарзи зист ва арзишҳои миллиамон он қадар пайваст гаштаанд, ки моро аз ҳамдигар ҷудо намудан номумкин аст. Вақте, ки сухан дар бораи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек меравад, пеши назар муносибати бародаронаи ду симои бузург–Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба ёд меояд. Дӯстии ин ду нобиға Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ тӯли қарнҳо рамзи дӯстии абадии ду халқи бародар боқӣ мемонад. Дар ин замина, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир ба таҳия ва эҷоди филми ҳунарӣ дар бораи таърихи дӯстии халқҳои бародари тоҷику ӯзбек, хусусан дӯстию рафоқати А. Ҷомӣ ва А. Навоӣ корҳои муқаддамотӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфил” ва Агентии миллии “Ӯзбеккино” оғоз гардидааст.

Сипас, Сафир аз ҳамкорҳои Сафорат бо Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ибрози андеша карда, фаолияти Марказро дар таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ байни ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар хеле муассир арзёбӣ намуд. Дар интиҳои суханронӣ намунаи либосҳои миллӣ, аз қабили куртаи чакан, атласу адрас ва асбобҳои миллии мусиқиро ба унвони туҳфа ба Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон тақдим намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, устодону шогирдон ва хешу ақрабони шоир дар васфи ӯ суханронӣ карданд.

Возможно, это изображение (7 человек и люди стоят)

Возможно, это изображение (6 человек, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (5 человек и люди стоят)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg