Рӯзи 8 ноябри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба шаҳри Бухоро ташриф овард.
Нахуст, Сафир аз маконҳои таърихии шаҳр дидан намуд, сипас ба хонаи "Дӯстӣ" ташриф бурд. Зимни сафар дар доираи лоиҳаи "Майдони сабз"" дар шинондани ниҳолҳои мухталиф ширкат варзид. Дар ҷараёни сафар А. Раҳмонзода бо фаъолони Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон "Офтоби Суғдиён" дидору мулоқот анҷом дод.
Инчунин дар доираи сафар дар Шӯъбаи вилоятиии Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ва Муассисаи давлатии "Ӯзбекконсерт" суҳбати дӯстона бо фарҳангиён ва аҳли зиёи ш. Бухоро барпо гардид. Зимни мулоқот дар робита ба густариши робитаҳои фарҳангӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ташкил намудани сафарҳои ҳунарии ҳунармандони ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар, инчунин ташкил намудани маҳфилҳои бадеӣ бо иштироки адибони тоҷику ӯзбек суҳбатҳои муфид анҷом дода шуд. Ҳамчунин Сафир ба Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон "Офтоби Суғдиён" бастаи китобҳои бадеӣ аз муаллифони тоҷикро тақдим намуд.