Рӯзи 5 ноябри соли 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Хоҷибоев доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд ва дӯстонаи ду кишвар дар соҳаи тандурустӣ қаноатмандӣ баён карда, иброз доштанд, ки ҳамкории судманди ду давлати дӯст, аз иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои наздику дӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма гирифта, рӯз то рӯз густариш меёбад.
Дар идома А. Раҳмонзода барои кӯмак ва дастгириҳо дар самти хизматрасониҳои тиббӣ, саҳми арзанда доштан дар ташкили ҳамкории пурсамар дар соҳаи тиб, инчунин тарбияи кадрҳо ва ташкили курсҳои бозомӯзӣ табрикоти Сафорат, Раҳматнома ва нишони “Аълочии Вазорати тандурустии Ҷуҳурии Тоҷикистон”-ро аз номи Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳтарам А. Хоҷибоев тақдим намуд.
Ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш бахшидани робитаҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ ва ташкили корхонаҳои фарматсефтӣ изҳори назар карданд.
Суҳбат дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.