Рӯзи 5-уми ноябри соли 2021 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати 27-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат дар мавзӯи “Нақши Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди кишвар ва таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд” доир гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳайати кормандони Намояндагии дипломатӣ, намояндагони Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ходимони илму фарҳанг, инчунин хабарнигорон иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозиринро ба муносбати 27-умин солгарди қабули Конститутсия табрик намуд ва оид ба моддаҳои алоҳидаи Конститутсия ва нақши он дар ташаккули асосҳои ҳуқуқии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал манзур намуд.
А. Раҳмонзода инчунин доир ба нақши барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳияи Конститутсия ва қабули он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ маълумот дод.
Мушовир-фиристодаи Сафорат Ш. Қаландарзода дар мавзӯи “Конститутсия ва нақши таърихии он” маърӯза намуда, аҳамияти таърихии бахтномаи миллатро ба ҳозирин шарҳ дод.
Дар идома муовини сармуҳарири Рӯзномаи “Овози тоҷик” Т. Икровом, рӯзноманигор Ш. Салимов ва дигар иштирокдорон фикру андешаҳои худро доир ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.