Рӯзи 4 ноябри соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хонум Орелия Бушезро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои сафари расмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса 12 октябри соли 2021 баррасӣ шуда, дар баробари ин атрофи мавзӯъҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо, аз ҷумла вазъи кунунии Афғонистон арзёбӣ гардид.
Инчунин ҷонибҳо аз робитаҳои дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ва муносибати дӯстона бо Фаронса изҳори қаноатмандӣ намуданд.