Иштироки Сафир дар чорабинии бахшида ба 110–солагии нависандаи халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академия миллии илмҳои Тоҷикистон Сотим Улуғзода

29.11.2021 17:43

Рӯзи 26 ноябри соли 2021 бо ташаббуси мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон маҳфили фарҳангӣ бахшида ба 110–солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академия миллии илмҳои Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар зодгоҳаш деҳаи Варзики ноҳияи Чуст баргузор гардид.

Меҳмононро муовини Раиси вилояти Намангон ва Раиси ноҳияи Чуст пешвоз гирфт. Сипас онҳо аз маконҳои таърихӣ ва зиёратгоҳои адибони гузаштаи вилоят дидан намуданд. Баъд аз зиёрат бо иштироки меҳмонон дар деҳаи Чуст Китобхонаи ба номи С. Улуғзода дар дохили Маркази мадании деҳаи Варзик ифтитоҳ гардид. Ҳозирин инчунин аз намоиши ҳунари хонандагони деҳа дидан карданд.

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, Раиси ноҳияи Ашти ҶТ, Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, раисони марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, меҳмонон аз шаҳру вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин хешу таборон, адибону омӯзгорон ширкат намуданд. Аз вилояти Суғд як ҳайат бо роҳбарии Раиси ноҳияи Ашт дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.

Ҳамоишро Раиси ноҳияи Чуст ифтитоҳ намуда, дар робита ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии нависандаи тоҷик С. Улуғзода гузориш дода, меҳмононро ба диёри нависандаи маъруф хушомадед гуфтанд.

Сипас, Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон А. Раҳмонзода  маърӯза намуда, дар бораи фаъоляти адабӣ, илмӣ, тарҷумонӣ ва драматургии адиб маърӯза кард.  Ҳамзамон иброз дошт, ки чорабинии мазкур баҳри тақвият бахшидани робитаи дӯстии ду халқҳои бародар, ҳамсоя, ҳамфарҳанг - тоҷикон ва  ӯзбекҳо нақши муҳим мебозад.

Дар идомаи суханронии худ А. Раҳмонзода пешниҳод намуд, ки Маркази мадании деҳаи Варзики ноҳияи Чуст ба номи Сотим Улуғзода гузошта шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби ҳозирин ва роҳбарияти ноҳияи Чуст якдилона пазируфта шуд.

 Зимни сафар Роҳбари Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 адад китобҳои бадеӣ ба Китобхонаи ба номи С. Улуғзода тақдим намуд.

Ҳокими ноҳия ваъда доданд, ки то баҳори соли оянда хонамузеи С. Улуғзодаро дар деҳаашон Варзик барқарор хоҳанд кард. 

Ҳамчунин дар чорабинӣ Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова, устодону шогирдон ва хешу таборони  наздики адиб доир ба шахсияти нависанда фикру андешаҳои нек баён карданд.

Дар охир консерти идона бахшида ба ҷашни нависанда манзури тамошобинон гардид. Махфил ва вохурӣ дар фазои дӯстона ва бародарона баргузор гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg