Иштирок дар Форуми театрии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтия ва Гурҷистон

04.12.2021 13:57

Рӯзи 3 декабри соли 2021 дар доираи 4-умин Форуми театрии ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтия ва Гурҷистон, ки аз 30 ноябр то 7 декабри соли ҷорӣ дар ш. Тошканд баргузор мегардад,  намоишномаи “Қори Ишкамба” аз рӯи асари С. Айнӣ аз ҷониби ҳунармандони театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т. Фозиловаи ш. Конибодами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри давлатии тамошобинони ҷавони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба намоиш гузошта шуд.

Дар намоишномаи мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода ва аҳли кормандони Сафорат барои баланд бардошти рӯҳияи ҳунармандони Тоҷикистон иштирок намуданд.

 Дар интиҳои намоиш Сафир А. Раҳмонзода суханрони намуда, оид ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, хусусан дар соҳаи фарҳанг ибрози андеша карда ва ба ҳунармандони тоҷик, ташаккур баён намуд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg