Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори нави Ҳукумат тартиби вуруд ва будубоши шаҳрвандони 52 кишварҳои хориҷиро дар қаламрави Тоҷикистон бекор хоҳад кард. Тибқи ин қарор ва дар асоси низоми яктарафа шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд бидуни раводид ба Тоҷикистон сафар карда, ба муҳлати то 30 рӯз дар кишвар қарор дошта бошанд. Ин тартиб аз моҳи январи соли 2022 қувваи эътибор пайдо мекунад. Рӯйхати кишварҳоро метавонед ин ҷо пайдо кунед..
Ҳамчунин тибқи қарори дигари Ҳукумати Тоҷикистон шумораи кишварҳое, ки шаҳрвандонашон бо тартиби соддашуда ҳаққи гирифтани раводиди Тоҷикистонро доранд, то 14 кишвари дигар мураттаб карда шуд. Рӯйхати кишварҳоро метавонед ин ҷо пайдо кунед.