Вохӯрӣ бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон

06.12.2021 20:08

Рӯзи 6 декабри соли 2021 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон  А. Раҳмонзода бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Икрамов доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо байни ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба тақвият бахшидани робитаҳо байни доираҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ иброз намуданд.

Ҳамзамон, Сафир А. Раҳмонзода дар бораи фаъолияти пурсамари Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, барқарор намудани робитаҳои мустақим ва муколамаи байни доираҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ, инчунин мусоидат намудан ба таблиғи амалии лоиҳаҳои дуҷониба равона гардидааст, изҳори ақида намуд.

Дар навбати худ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Икрамов таваҷҷуҳи тоҷирони Ӯзбекистонро ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуд.

Инчунин, тарафҳо ҷалби соҳибкорони хурду миёнаро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар самтҳои тиҷорати электронӣ, агробизнес, амнияти озуқаворӣ, рушди саноат, нақлиёт, ҳамкориҳои сармоягузорӣ бо мақсади рушди иқтидори содирот байни ду кишвар ба мақсад мувофиқ шумориданд.

20211206-135958.jpg

20211206-140114.jpg

20211206-140121.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg