Иштироки Вазир дар маросими гузоштани санги асоси бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

09.12.2021 14:32

Рӯзи 8 декабри соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Сироҷиддин Муҳриддин дар доираи сафараи кории худ зимни иштирок дар Конфронси дуюми вазирони “Италия - Осиёи Марказӣ” дар қолаби С5+1 дар ш. Тошканд якҷо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар маросими ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар  маҷмааи бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, барои шурӯъ шудани сохтмони иншооти мазкур санги асос гузоштанд.

Маҷмааи биноҳои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мутақобилан ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистн ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар маркази шаҳри Тошканд, дар масоҳати 1,40 га. бунёд мегардад.

Лоиҳаи иншооти бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҶСК «Шаҳрофар»-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намуда, аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои Ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Тибқи лоиҳа маҷмааи биноҳои Сафорат аз қароргоҳи Роҳбари намояндагӣ, бинои консулӣ, хонаҳои истиқоматӣ барои кормандон, толори зиёфат ва маҷлисгоҳ, гузаргоҳҳои назоратӣ, таваққуфгоҳ ва майдончаи варзишӣ иборат аст.

Ин иқдом аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, дар таҳкими дӯстӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақши калидӣ мебозад. Ҳамзамон тадбири мазкур дар татбиқи сиёсати хориҷии Сарвари давлат намунаи олии ватанпарварӣ ба шумор меравад.

photo-2021-12-09-11-41-38.jpg

photo-2021-12-09-11-41-42.jpg

photo-2021-12-09-11-41-34.jpg

photo-2021-12-09-11-41-48.jpg

 

photo-2021-12-09-11-42-00.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg