Рӯзи 14 декабри соли 2021 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо ҳайати кормандони рӯзномаи “Овози тоҷик” вохӯрӣ намуд.
Дар аввал сармуҳарири рӯзнома Шерпӯлод Вакилов ташрифи меҳмонро хайрамақдам гуфта, омадани Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба идораи рӯзнома дар сӣ соли охир аввалин номид. Ҳамзамон номбурда дар мавриди робитаҳои дӯстонаи ду кишвар, нақши сарони давлатҳо дар таҳкими дӯстии ду халқ ва масъалаи омода кардани кадрҳои рӯзноманигорӣ барои матбуоти тоҷикии Ӯзбекистон изҳори назар кард.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ҳайати эҷодии рӯзномаро ба муносибати фарорасии Соли Нави мелодӣ тарбик гуфта, ба онҳо сиҳатӣ ва фаъолияти бардавоми эҷодӣ орзу намуд.
Ҳамчунин Абдуҷаббор Раҳмонзода аз муносибати дӯстона ва бародаронаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳама самтҳо суҳбати муфассал анҷом дод. Ӯ нақши рӯзномаи “Овози тоҷик”-ро дар инъикоси густурдаи робитаҳо махсус таъкид карда, талошу заҳматҳои қаҳрамононаи устод Садриддин Айниро, ки яке аз аввалин таъсисгарони рӯзномаи “Овози тоҷик” мебошад, таъкид намуд. Дар ин замина ӯ ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳо пешниҳод намуд, ки дар оянда байни рӯзномаи “Овози тоҷик” ва рӯзномаи “Ҷумҳурият” Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шавад.
Дар рафти вохӯрӣ кормандони нашрия фикру андешаҳои худро нисбати робитаҳои неки ду кишвар баён дошатанд.
Сафир дар охири вохӯрӣ бастаи китобҳои бадеии адибони тоҷикро ба идораи рӯзномаи “Овози тоҷик” туҳфа кард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи “Овози тоҷик” 25 августи соли 1924 бори аввал дар шаҳри Самарқанд нашр шудааст. Баъд идораи он ба шаҳри Тошканд кӯчида, тайи 95 сол ба номҳои гуногун нашр гардидааст. Аз соли 1991 рӯзнома номи аввалаи худ “Овози тоҷик”-ро гирифта, нашрияи муштараки Парлумон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.