24 декабри соли 2021 дар доираи сафари кории намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ш. Тошканд вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз бо муовини раиси ин ниҳод Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар доираи санадҳои баимзорасида миёни сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти корбарӣ бо ҷавонон ва варзишро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷониби худ А.Раҳмонзода барои густариши ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш, татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 изҳори омодагӣ намуданд.