27 декабри соли 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз бо Сафири Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар шаҳри Тошканд) Ян Бори доир гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Словакия дар самти сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ техникӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо дар масъалаи ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории таҳқиқотҳои муштараки илмии палеонтологӣ, таъсиси ширкати муштараки истеҳсоли нуриҳои минералӣ ва таъйин намудани Консули фахрии Ҷумҳурии Словакияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.