27 декабри соли 2021 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Мирзо Исмоилзода дар ш. Тошканд доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо раванди татбиқи санадҳои қаблан баимзорасида миёни ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона байни ниҳодҳои марбута изҳори андеша намуданд.