Ифтихорномаи фахрӣ ба Сафир

28.12.2021 19:01

28 декабри соли 2021 дар доираи ҷаласаи ҷамбасти солонаи Агентии милии “Узбеккино” маросими тантанавӣ барои супоридани мукофоту ифтихорномаҳо аз номи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам А. Арипов доир гардид.

Дар маросими мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода барои ҳамкориҳои судманд дар соҳаи фарҳангу кино, иштироки фаъол дар таҳияи филми мустанад доир ба  дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, саҳмгузорӣ дар XIII-умин кинофестивали байналмилалӣ дар ш.Тошканд ва Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз номи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов бо “Ифтихорномаи фахрӣ” қадрдонӣ гардид.   

 

IMG-0539.jpg

IMG-0504.jpg

IMG-0506.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg