Суҳбати Сафир бо донишманди тоҷиктаборӣ ӯзбекистонӣ

14.01.2022 12:42

13 январи соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо олим, нависанда адабиётшинос, мутарҷим ва рӯзноманигори шинохтаи самарқандӣ узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2003) Аслиддин Қамарзода дар бинои Сафорат доир гардид.

Донишманди шинохта А. Қамарзода китобҳои тозанашри худро, ки ба равобити адабии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вобаста мебошанд, ба Сафир ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намуд.

Муаллиф дар ин маҷмуаву баёзҳо ва рисолаву пажӯҳишҳо осори пурарзиши адибони гузашта ва муоссири тоҷикро ҷамъоварӣ карда, ба аксари шоирони тоҷику ӯзбек дар жанри мухаммас назираи ҷавобӣ гуфтааст. Дар китоби “Самарқанд нолаи Амрико” бошад, дар бораи адибони тоҷик, ки дар Амрико кору фаъолият мекунанд, маълумот додааст. Китобҳои мазкур барои дӯстдорони назми тоҷик беҳтарин туҳфа мебошанд.

Сафорат китобҳои мазкурро рӯзҳои наздик ба Китобхонаи миллӣ ирсол менамояд.   

5.jpg

4.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg