15 январи соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар партави сиёсатҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри вусъати корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ бо иштироки Роҳбарият ва кормандони Сафорат ҳашари дастаҷамъона ташкил карда шуд.
Дар ҷараёни корҳои ободонӣ кормандони Сафорат дар назди даромадгоҳи бино дарахтҳои ороишӣ ва мавсимӣ шинониданд.
Ёдовар мешавем, ки чунин тадбирҳои нек пайваставу мунтазам баргузор мегарданд.