24 январи соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо омӯзгори шинохта, шарқшинос, тарҷумон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳамидҷон Ҳомидӣ баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо атрофи ҳамкориҳои адабӣ ва илмӣ, хусусан дар самти тарҷума ва нашри асарҳои адибони бузурги тоҷик андешаронӣ намуданд.
Дар интиҳо ҳамсуҳбатон китобҳои тозанашри худро ба якдигар тақдим намуданд.
Профессор Ҳ. Ҳомидӣ беш аз 70 рисолаи илмӣ дар бораи шахсиятҳои барҷастаи адабиёти тоҷику ӯзбек таълиф карда, китобҳои “Бӯстон” ва “Гулистони”-и Саъдии Шерозиро ба ӯзбекӣ чоп намудааст. Доир ба осори Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Алишери Навоӣ ва дигар асарҳои тадқиқотӣ ва мақолаҳои илмӣ таълиф кардааст. Беш аз 35 сол мудири кафедраи забон ва адабиёти ӯзбеки Донишкадаи омӯзгории ба номи Низомӣ буданд. Ҳоло давлати пирӣ ронда, ба омӯзиш ва нашри осори Хоҷа Абдуллои Ансорӣ машғул мебошанд.