Мулоқот бо Мушовири калони Комиссари Олии СММ оид ба паноҳандагон

27.01.2022 18:52

26 январи соли 2022 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Мушовири калони Комиссари Олия СММ дар умри паноҳандагон (UNHCR) Франк Ремус доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNHCR изҳори қаноатмандӣ карда, масоили тақвият додани иқдомҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни суҳбат Франк Ремус ҷиҳати интиқол додани кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон, ки қарор аст, нимаи дуюми моҳи феврали соли ҷорӣ сурат гирад, мусоидати Сафоратро дархост намуд.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба вазъи кунунии Афғонистони ҳамҷавор табодули назар намуданд.

1.jpg

2.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg