Сафари кории раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.01.2022 18:56

Рӯзҳои 27-28 январи соли 2022 сафари кории раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Файзуллозода ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардида, ҳайати зикргардидаро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ҳамроҳӣ намуд.

Дар рафти сафар М. Файзуллозода ва А. Раҳмонзода бо сардори Агентии карантин ва ҳифзи растании Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Эргашев вохӯри намуда, ҷонибҳо доир ба истифодаи имкониятҳои васеи ҳамкории байни ду кишвар дар самти карантин ва ҳифзи растанӣ изҳори назар намуданд.

Зимни мулоқот ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои Агентии карантин ва ҳифзи растании Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз ҷумла фаъолияти лабораторияи муоссир, лаборатория сайёр, фаъолияти кинологҳо, назорати инспекторон дар фурудгоҳу гузаргоҳҳои сарҳадӣ пешниҳод карда шуд.

  Ҳамзамон, тарафҳо омодагии хешро оид ба мубодилаи таҷриба дар самти барномаву систмаҳои компютерӣ барои ҳифзи растанӣ, бозомӯзии мутахассисон, кӯмаки техникӣ ва ғайра иброз намуданд.

Ҷониби Ӯзбекистон ҳайати Тоҷикистонро ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растаниҳои давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Тошканд дар назар аст, даъват намуд.

20220126-143726.jpg

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg