Рӯзи 28 январи соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз ширкати истеҳсолии дорусозии “NOBEL PHARMSANOAT” дидан намуда, бо Директори генералии он Кюршат Женк Четин вохӯрд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “NOBEL PHARMSANOAT” изҳори назар намуданд.
Сафир дар бораи эълон гардидани "Солҳои 2022-2026 солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуда, даъват намуд, ки ҷиҳати таъсиси корхонаи муштараки дорусозӣ иқдом гирифта шавад.
Кюршат Женк Четин миннатдории худро ҷиҳати дастгирии Сафорат барои кушодани намояндагии “NOBEL PHARMSANOAT” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, рушди ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон афзал шуморид.
Бояд қайд намуд, ки “NOBEL PHARMSANOAT” соли 1964 дар Туркия таъсис ёфта, айни замон панҷ корхонаи бузурги истеҳсолии он дар давлатҳои Туркия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон фаъолият менамоянд.
Ширкати мазкур кори худро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз соли 2003 шурӯъ намуда, ба истеҳсоли 150 намуди дорувории муосир мутобиқи стандартҳои байналмилалии GMP машғул шуда, онҳоро ба бозори дохилӣ ва кишварҳои хориҷӣ содирот менамояд.