Ташрифи Сафири Тоҷикистон А. Раҳмонзода ба мактаби тоҷикии ҷамоати “Тонг юлдузи” ноҳияи Чинози вилояти Тошканд

04.02.2022 09:53

01 феврали соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода аз мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и ҷамоати “Тонг юлдузи” ноҳияи Чинози вилояти Тошканд боздид намуд.

Сафирро муовини Раиси ноҳия Насиба Қорабоева, директори мактаб Латипов Абдуҷаббор ва мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия Чиноз Қойгелдиев Раҳимбердӣ, омӯзгорон ва толибилмон инчунин гурӯҳе аз падару модарон истиқбол гирифтанд.

А. Раҳмонзода нахуст аз бинои мактаб, қасри фарҳанги тоҷику ӯзбек, кӯдакистон ва китобхонаи мактаб, ки соли 2008 дар доираи барномаи “Обод деҳа” аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон сохта шудаанд, дидан намуд.

Сипас, дар толори мактаб суҳбати Сафир бо иштироки муовини Раиси ноҳия, мудири шӯъбаи таълими халқи ноҳия, директори мактаб, омӯзгорон, толибилмон ва падару модарон доир гардид.

Нахуст А. Раҳмонзода оид ба дӯстиву рафоқат миёни тоҷикон ва ӯзбекон суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки тавсеа ва густариши ҳамкории судманди ду кишвари дӯст, аз иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои наздику бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев сарчашма мегирад. Вай ҳамчунин қайд кард, ки бо ташаббуси сарварони ду давлати ҳамҷавор дӯстиву рафоқат байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон беш аз пеш мустаҳкам гардида, ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар тамоми соҳаҳо рушд ёфта истодааст.

Дар идома Сафир бастаи китобҳои бадеии адибони тоҷикро ба Китобхонаи мактаб туҳфа намуд.

Сипас муовини Раиси ноҳия, Директори мактаб ва дигар омӯзгорону равшанфикрони ноҳия суханронӣ намуда, аз ташрифи Сафир арзи сипос ва ибрози хушҳолӣ намуданд.

Дар фарҷом бо иштироки хонандагони мактаб чорабинии фарҳангӣ ва маҳфили шеърхонӣ доир гардид.

Бояд гуфт, ки мактаби мазкур ба беш аз 386 нафар хонандагон таълими ройгон медиҳад ва аксари онҳо фарзандони мардуми тоҷиктабори ҷамоати деҳоти Тонг юлдузи н. Чиноз мебошанд.

Ҳоло беш аз 15 нафар хатмкунандагони ин мактаб ба донишгоҳҳои мухталифи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дохил шуданд, ки он натиҷаи заҳмати омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ мебошад.

Возможно, это изображение (5 человек, люди стоят и на открытом воздухе)

Возможно, это изображение (1 человек, стоит и в помещении)

Возможно, это изображение (7 человек и люди стоят)

Возможно, это изображение (10 человек, люди стоят и в помещении)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg