Иштирок дар чорабинии бахшида ба 581-умин солгарди шоир ва мутафаккири бузург А. Навоӣ

05.02.2022 14:16

Дар толори Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон рӯзи 4 феврали соли 2022 бо ташаббуси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон маҳфили адабӣ-маърифӣ бахшида ба 581-умин солгарди шоир ва мутафаккири бузург А. Навоӣ ва тарҷумаи достони “Лайлӣ ва Маҷнун” ин адиби номвар ба забони тоҷикӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода, Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон С. Саид, Сардори шӯъбаи Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н. Абдураҳимов, Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Г. Субҳонова, Директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон Қ. Собиров, Сармуҳаррири нашрёти “Турон нашр” Асадуллоҳ Исмоилзода, Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон дар вилояти Ҷиззах А. Шарипов, инчунин намояндагони илм, зиёиён, олимони адабиётшинос, ходимони созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.

Ҳамоишро муовини Раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон  Ғ. Маҷиддӣ ҳусни оғоз бахшида, оид ба эҷодиёти шоир ва мутафаккири бузург А. Навоӣ суханронӣ намуд.

Сипас, суханро ба Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон А. Раҳмонзода дод. Нахуст, Сафир дар робита ба хизматҳои бузурги шоир, нависанда ва рӯзноманигори шинохтаи ӯзбек шодравон Ҷонибеки Қувноқ, ки шеъру достон ва асарҳои шоирону адибони ӯзбекро, аз ҷумла достони “Лайлӣ ва Маҷннуни” - и Мир Алишер Навоиро бо забони тоҷикӣ тарҷума кардааст, андешаронӣ кард. Ҳамчунин қайд намуд, ки шоири бузурги тоҷик Лоиқ Шералӣ ба Ҷонибеки Қувноқ эҳтироми хосса дошт ва пас аз маргаш ашъори ӯро дубора мураттаб карда, дастраси хонандагон намуд.

Сафир иброз намуд, ки дар ҳақиқат, тоҷикон ва ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирӯзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дӯстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд.

Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни ХУ боз ҳам устувор гардид ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дӯстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дӯстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ ба дараҷае самимӣ будааст, ки муосиронашон аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ кардаанд.

Дар замони мо, -гуфт Сафир, - ду шахсияти барҷаста, ду роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ин дӯстиро таҳким бахшида, муносибати бародаронаи ду халқро уствор гардонида истодаанд.

Дар идома Сафир роҷеъ ба асари “Лайлӣ ва Маҷнуни” А. Навоӣ фикру андешаҳои худро баён намуд. Инчунин бо иқтибос аз суханони С. Айнӣ, қайд намуд, ки А. Навоӣ на танҳо бо асарҳои илмии худ, балки бо ашъори  пурмуҳтаво ва Девони форсии хеш  дар хотираи фарҳангии  тоҷикону ӯзбекон ҷойи намоён дорад.

Ҳамчунин дар чорабинӣ дигар иштрокдорон маърӯза намуда, фикру андешаҳои нек баён карданд.

013.jpg

08.jpg

07.jpg

06.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg