Тавсеаи ҳамкориҳо дар самти коркарди пилла ва истеҳсоли матои атласу адрас бо шарикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон

08.02.2022 12:31

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси рушди  соҳаи пиллапарварӣ ва коркарди он, аз ҷумла вазъи корхонаҳои атласу адрасбарори, афзун намудани содироти маҳсулоти ватанӣ, дарёфти шарикони тиҷоратӣ ва анҷом додани мубодилаи афкор байни мутахассисони соҳа 7 феврали соли 2022 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз намояндагони сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати саноат ва технологияҳои нав, корхонаҳои хусусии саноатӣ ва масъулини лоиҳаи Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди саноат ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташриф оварданд.   

Ҷумҳурии мо ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба ҳайати кишварҳои роҳи абрешим шомиланд, ба истеҳсоли пилла, ҳунари бофандагии атласу адрас диққати аввалиндараҷа дода, дар эҳёи ин ҳунарҳои мардумӣ корҳои шоистаеро амалӣ карда истодаанд.

Ҳайати корӣ аз корхонаҳои истеҳсоли атласу адраси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан карда, масъалаи раванди дастгириҳои давлатӣ, низоми андозбандӣ, бозори фурӯш, раванди истеҳсолот, интихобу истифодаи нақшу нигор дар матоъ ва ҷалби тароҳон барои пешбурди соҳа ва маҳсулоти тайёр ба базорҳои хориҷи кишварро  мавриди омӯзиш қарор медиҳанд.

Меҳмонон нахуст бо роҳбарияти Ассотсиатсияи “Ӯзбекипаксаноат” вохӯрӣ карда, аз қитъаи намунавии боғи тут, намоишгоҳи маҳсулоти ашёи хом ва матоъҳои таёр, таррҳи либосҳо дидан намуданд. 

Дар рафти мулоқот раванди таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти кирмакпарварӣ,  коркарди пилла, истехсоли матоъҳои абрешимӣ, инчунин мубодилаи таҷрибаи тарроҳон муҳокима  шуд.

Сафари ҳайати гурӯҳ то 11 феврали соли 2022 идома ёфта, боздид аз корхонаю коргоҳҳои шаҳрҳои Тошканд, Марғилон ва Фарғона пешбинӣ гардидааст.

20220207-145850.jpg   20220207-151526.jpg

          

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg