Дар доираи татбиқи санадҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон айни замон ҳайати Гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазир Раҳмонзода А.А. дар сафари корӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор доранд.
Сафари Гурӯҳи кории вазорат аз 14 то 18 феврал идома ёфта, мақсади асосии он омӯзиши таҷрибаи пешқадами Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар самти рақамикунонии хизматрасониҳо барои табақаҳои осебпазири аҳолӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар, ҳамзамон табодули таҷриба дар расонидани кумаки амалӣ ҷиҳати бокортаъминкунии хатмкунандагони курсҳои омӯзишӣ мебошад.
Рӯзи 14 феврал ҳайати Гурӯҳи кории вазоратро муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эркин Мухитдинов ба ҳузур пазируфта, масъалаҳо доир ба рушди ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ гардиданд.
Дар ин қабул ҳайати Гурӯҳи кории вазоратро сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Раҳмонзода Абдуҷаббор ҳамроҳӣ намуд.
Сафари корӣ идома дорад.