Паёми табрикотии Сафир Абдуҷаббор Раҳмонзода ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз

20.03.2022 12:44

Бо камоли эҳтиром, мардуми шарифи  Тоҷикистон ва Ӯзбекистони бародарро ба муносибати фаро расидани Наврӯзи дилафрӯз табрик менамоям.

Ин ду халқи ҳамсоя ва бародар бо анъанаҳои неки муштаракашон дар ҷаҳон машҳур гардида,якҷо  ҷашну маъракаҳо баргузор карда, то имруз суннатҳои миллиашонро идома дода истодаанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва сиёсати хирадмандонаи ду роҳбари сиёсӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Шавкат Мирзиёев на танҳо дӯстиву бародарии ду халқ боз ҳам мустаҳкам гардид, балки ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз дубора эҳё шуда, бо шукуҳу ҷалол дар ҳар ду кишвар бо иштироки ҳамдигар дар сатҳи баланд доир мегарданд.

Дар ин арафаи ҷашни баҳорӣ аз номи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон тамоми халқи тоҷику ӯзбек ва дигар сокинони кишварҳоро самимона табрик гуфта, ба ҷумҳурии дӯсту ҳамсоя шукуфоӣ ва ба мардумони сарбаландаш тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Наврӯзатон фирӯзу ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Бо эҳтиром,

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода.

20.03.2022.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg