Аз 15 март фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуданд.

19.03.2022 19:24

Аз 15 марти соли 2022 фаъолияти гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба реҷаи оддӣ гузаронида шуда, назорати бемориҳои сироятӣ танҳо бо пешниҳоди гувоҳнома оид ба ваксинатсияи пурра бар зидди бемории COVID-19 бидуни гузаштан аз озмоиши вирусологӣ нисбат ба сирояти коронавирус дар ҳудуди Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора қарори дахлдори Cитоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Тибқи қарор, гувоҳнома оид ба ваксинатсия бар зидди COVID-19, ки аз ҷониби мақомот ва муассисаҳои тандурустии ҷониби Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳрвандон баъди гузаштан аз ваксинатсия пешниҳод карда мешавад, расман эътироф мегардад.

«Ҳангоми ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати пешниҳоди маълумотнома бо натиҷаи «манфӣ»-и озмоиши вирусологии кишвари хориҷшуда нисбат ба COVID-19, ки ба муҳлати то 72 соат эътибор дорад, аз гузаштани озмоиши такрорӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда мешаванд».

Реҷаи ҳатмии истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии сирояти коронавируси COVID-19 дар байни аҳоли дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда мешавад.

Ҳамчунин дар асоси қарори мазкур баргузор намудани тўйи домодию арусӣ ва дигар ҷашну маросими миллӣ тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда мешавад.

Сарчашма: www.khovar.tj

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg