Иштирок дар «Ярмаркаи саноатии байнисоҳавии минтақавӣ»

15.03.2022 19:26

Рӯзи 15 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода дар «Ярмаркаи саноатии байнисоҳавии минтақавӣ» таҳти шиори «Made in Uzbekistan» дар вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуд.

Дар Ярмаркаи мазкур истеҳсоли тамғаҳои миллии маҳсулоти саноатӣ, электротехника, саноати сабук, масолеҳи сохтмонӣ, саноати автомобилсозӣ ва дорусозӣ намоиш дода шуд.

Дар ҳошияи чорабинии мазкур Сафир бо ҳокими вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғ. Мирзаев ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Ҷасимов вохӯрӣ анҷом дода, доир ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, барқарор намудани робитаҳои мустақим ва муколамаи байни доираҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ, инчунин мусоидат намудан ба таблиғи амалии лоиҳаҳои дуҷониба намояндагони ҷамъияти тиҷоратии ду давлат изҳорӣ назар намуданд.

Ҳамзамон, А. Раҳмонзода мавриди суханронӣ дар ифтитоҳи расмии Ярмарка оид ба имтиёзҳо ва имкониятҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави кишвар, аз ҷумла дар ҳудуди Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар онҳо барои сармоягузорони хориҷӣ афзалиятҳо ва имтиёзҳои хуб таъмин карда шудааст, иттилоъ дод.

Дар кори Ярмарка зиёда аз 10 ширкату тоҷирони тоҷикистонӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо доираи тиҷоратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфтушунидҳо гузарониданд.

Возможно, это изображение (9 человек и люди стоят)

Возможно, это изображение (4 человека и люди стоят)

 

Возможно, это изображение (5 человек, люди стоят, костюм и в помещении)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg