Вохӯрӣ бо донишҷуёни тоҷик

12.03.2022 19:30

Рӯзи 12 марти соли 2022 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо иштироки беш аз 70 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва низомии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоянд, ҷамъомад доир гардид.

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Раҳмонзода, намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Нозимов ва дигар шахсони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст, Сафир ҳозиринро ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ва 30 - солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон табрик намуд.

Дар суханронии хеш А. Раҳмонзода муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин шарҳ дода, нақши ҷавононро дар сиёсати Ҳукумати кишвар муҳим арзёбӣ кард. Инчунин, ба самъи ҳозирин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи Президенти кишварро ба илму маориф ва дастгирии ҷавонон тавзеҳ дод. Сафир таъкид кард, ки донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои дақиқ, технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ диққати махсус зоҳир намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ А. Раҳмонзода аз хатару таҳдидҳои замони муосир, фаъолшавии созмону гуруҳҳои террористиву экстремистӣ ёдовар шуда, аз донишҷуён барои пос доштани арзишҳои миллӣ, сулҳу субот, якпорчагии Ватани азизамон ва таҳкими дӯстиву бародарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват ба амал овард.

Зимни андешаронӣ донишҷӯён аз иқдомҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол намуда, оид ба сиёсати Ҳукумат дар самти дастгирии ҷавонон бо хушнудӣ ва руҳбаландӣ суханронӣ намуданд. Аз ҷумла омодагии худро барои таҳсили намунавӣ, арҷгузорӣ ба ваҳдати миллӣ, оромиву осудагии кишвар ва тақвияти дӯстӣ бо доираи ҷавонони кишвари дӯсту бародар Ӯзбекистон изҳор доштанд.

Бо мақсади муттаҳидсозӣ ва густариши робитаҳои доимӣ миёни Сафорат ва донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил мекунанд, аз ҳисоби ҷавонони фаъол Шӯрои донишҷӯён дар назди намояндагӣ таъсис дода шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ як гуруҳ донишҷӯёни фаъол барои таҳсили хубу аъло, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъитӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ифтихорномаҳои Сафорат сарфароз гардонида шуданд.

Возможно, это изображение (4 человека, люди сидят, люди стоят и костюм)

Возможно, это изображение (5 человек и люди стоят)

Возможно, это изображение (6 человек, люди сидят, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (9 человек, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (13 человек, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (3 человека и люди стоят)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg