Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯзҳои 05-07 марти соли 2022 ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод.
Дар шаҳри Самарқанд мулоқоти Сафир бо Ҳокими шаҳри Самарқанд Фазлиддин Умаров доир гардид. Зимни сӯҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар соҳаҳои иқтисоду савдо, саноат, сайёҳӣ, кишоварзӣ, маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими равобит байни шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар ва байни минтақаҳои озоди иқтисодии вилояти Самарқанд ва вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гарифт.
Дар рафти сафар А. Раҳмонзода бо Ректори Донишгоҳи Давлатии Самарқанд Рустам Холмуродов, устодону донишҷӯёни факултаи филология ва зиёиёни тоҷики шаҳр вохӯрӣ намуда, инчунин дар толори Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Самарқанд бо Роҳбари Марказ А. Маҳмудов ва дигар аъзоёни фаъоли ин ниҳод мулоқот доир кард.