Вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон

04.03.2022 19:42

Рӯзи 4 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. Юлдошев доир гардид.

Зимни суҳбат Б. Юлдошев оид ба фаъолияти сохторҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот дода, зикр намуд, ки айни ҳол дар тобеияти Академемия 34 муассисаҳои илмӣ дар самтҳои мухталиф фаъолият мекунанд. Ҳамчунин ӯ доир ба чорабиниҳои илмие, ки соли сипришуда бо иштироки олимони тоҷик баргузор гардид иттилоъ дод.

Сипас, тарафҳо доир ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла тақвияти бештари ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ миёни пажуҳишгоҳҳои илмии ду ниҳод, инчунин баргузор намудани конфронсу семинарҳои муштарак табодули назар намуданд.

Сафир А. Раҳмонзода зикр намуд, ки ду кишвар барои тақвияти ҳамкориҳои илмӣ имкониятҳои зиёд доранд, ки бояд мавриди истифода қарор гиранд. Аз ҷумла, ӯ иброз дошт, ки ду ниҳод имкон доранд дар соҳаҳои мухталифи илм, аз ҷумла химия, физика, илмҳои гуманитарӣ ҳамкорӣ намоянд ва якҷоя дар мавзӯъҳои мушаххас татқиқотҳои илмӣ ба анҷом расонанд. Инчунин ҷонибҳо барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба як қатор таклифу пешниҳодҳоро баён намуданд.

Академик Б. Юлдошев иброз намуд, ки Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои тақвият бахшидани муносибатҳо ҳамеша омода аст.

Возможно, это изображение (2 человека и люди стоят)

Возможно, это изображение (5 человек, люди сидят и люди стоят)

Возможно, это изображение (2 человека и люди стоят)

Возможно, это изображение (2 человека и люди стоят)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg