Мулоқотҳо бо Вазири маорифи халқи ҶӮ ва Директори Бюрои хизмтрасонии дипломатии назди ВКХ ҶӮ

01.03.2022 19:48

Рӯзи 1 марти соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Вазири маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов ва пас аз он бо Раиси Бюро оид ба хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдураҳим Қаюмов вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрии Сафир бо Вазири маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба изҳори назар намуда, ҷиҳати таҳкими равобити дуҷониба дар соҳаи маориф, табодули таҷрибаи пешқадам ва рақамикунонӣ дар низоми таҳсилот андешаҳои судманд баён карданд. Визири маориф таъкид кард, ки мактабҳои тоҷикиро бо китобҳои дарсӣ таъмин мекунад ва дар таъмиру тармими онҳо саҳми хешро мегузорад.

А. Раҳмонзода бо Раиси Бюро оид ба хизматрасонии корпуси дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба мусоидат кардан ҷиҳати сари вақт гирифтани иҷозати корҳои сохтмонии маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори назар намуданд.

Раиси Бюро омодагии худро ҷиҳати пурра мутобиқ намудани лоиҳаи Сохтмони маҷмааи биноҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба санадҳои меъёрии амалкунандаи давлати иқомат дар самти сохтмон ва супоридани он баён карда, бо мақсади ҳарчи тезтар ба анҷом расидани корҳои лоиҳакашӣ ба ширкати ҷумҳуриявии муҳандисии “O'zinvestloyiha” ва ҳамкорони худ дастурҳои иловагӣ доданд.

Вохӯриҳо дар фазои дӯстона ба манфиати таҳкими робитаҳои дуҷониба миёни ду кишвари ҳамҷавор доир гардиданд.

Возможно, это изображение (2 человека и люди стоят)

Возможно, это изображение (2 человека, люди сидят и люди стоят)

Возможно, это изображение (4 человека, люди сидят, люди стоят и в помещении)

Возможно, это изображение (3 человека, бутылка и в помещении)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg