Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода рӯзҳои 25-27 феврали соли 2022 ба маҳаллаҳои тоҷикнишини вилоятҳои Ҷиззах ва Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафари корӣ анҷом дод.
Дар шаҳри Ҷиззах мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо муовини Раиси вилояти Ҷиззах Латифҷон Аҳмадҷонов доир гардид.
Зимни сӯҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар соҳаҳои иқтисоду савдо, саноат, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳо байни минтақаҳои озоди иқтисодии вилояти Ҷиззах ва вилоятҳои Суғду Хатлон ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гарифт.
Дар ҷараёни сафар А. Раҳмонзода дар толори Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Ҷиззах бо Роҳбари Марказ А. Шарипов ва дигар аъзоёни фаъоли ин ниҳод мулоқот доир карда, оид ба ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ изҳори назар намуд.
Пасон, Сафир дар ҷамъомади фарҳангие, ки аз ҷониби ҳокимияти вилояти Ҷиззах дар мавзӯи "Стратегияи рушд-омили пешрафт" ташкил гардида буд, иштирок ва суханронӣ намуд.
Баъд аз он ҷиҳати шиносоӣ бо вазъи мактбҳои тоҷикӣ ба ноҳияҳои Фориш ва Нураттои вилоятҳои Ҷиззаху Навоӣ сафар карда, аз мактабҳои рақами 46 ва 13-и деҳаи Ухуму Поришти ноҳияи Фориш ва мактаби рақами 43 деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато дидан намуда, бо сокинон, устодон ва хонандагони ин деҳаҳо мулоқот доир кард ва дар бораи густариши робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, илмиву адабӣ изҳори андеша намуд. Ҳамзамон, ба хотири сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир кардани чорабиниҳои фарҳангиву адабиро дар ин ноҳияҳои тоҷиктаборон муҳим арзёбӣ намуд.
Инчунин Сафир ба мактабҳои болозикр бастаи китобҳои дарсӣ ва бадеиро тақдим намуд.
Сафирро дар ин сафари корӣ кормандони Сафорат ва Раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон Гуландом Субҳонова ҳамроҳӣ намуданд.