Вохурӣ бо ҳайати ҳунармандони Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т. Фозилова

23.02.2022 19:55

Дар бинои Сафорат рӯзи 23 феврали соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода бо ҳайати ҳунармандони театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Т. Фозиловаи ш. Конибодами Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир намуд.

Зимни мулоқот А. Раҳмонзода ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои фарҳангиву маданӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки соли ҷорӣ ду кишвар 30–солагии барқароршавии муносибатҳои дипломати худро таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат Сафорат як қатор чорабиниҳои фарҳангию сиёсиро ба нақша гирифта, ният дорад, ки сафари эҷодии кормандони Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаро ба шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва сафари эҷодии кормандони Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Ҳамзаи шаҳри Қуқандро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ташкил намояд.

Дар ҳамин замина Сафир бо аҳли эҷоди театри шаҳри Конибодом суҳбат намуда, назару андешаҳои онҳоро доир ба рафти баргузории чорабиниҳо баррасӣ намуд.

Возможно, это изображение (7 человек и люди стоят)

Возможно, это изображение (6 человек и люди стоят)

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg