Рӯзҳои 24-26 марти соли 2022 дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд баргузор гардид, ки он платформаи нав барои ҳамкориҳо миёни минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар формати Форум иқтидори сармоягузории Ӯзбекистон ба доираҳои сармоягузор ва соҳибкорон муаррифӣ шуданд.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Н.Ҳикматуллозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Қодирзода ва инчунин гуруҳи соҳибкорон иштирок намуданд. Ҳайати зикргардидаро Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода ҳамроҳӣ намуд.
Дар чорабинии мазкур ҳамзамон Президенти Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миниханов, Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Одил-Рено Бассо, Президенти Бонки рушди Осиё Масасугу Асакава, Вазири сармоягузории ШАС Халид ал-Фалих, ноиби Президенти Созмони умумиҷаҳонии савдо Сянчен Чжан, ноиби Президенти Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ Лимитовский Константин, ноиби президенти Корпоратсияи байналмилалии молия Стефани Фридербург, роҳбарони вазоратҳои сармоягузории кишварҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ (дар умум 1500 нафар) ширкат варзиданд.
Дар чорабинии мазкур масъалаҳои сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳо бо институтҳои байналмилалии молиявӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекитсон, ҳамкориҳои логистикӣ ва интиқоли молу маҳсулот миёни кишварҳо, коркарди хатсайрҳои нави боркашонӣ, соддагардонии транзити молҳои содиротшаванда ва ғайра муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон, дар кори Форум зиёда аз 30 ширкату тоҷирони тоҷикистонӣ фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо доираи тиҷоратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар давлатҳои иштирокчӣ гуфтушунид гузарониданд.