Сафари тоҷирони вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

31.03.2022 19:25

Рӯзҳои 30 март то 2 апрели соли 2022 сафари кории зиёда аз 30 роҳбарони ширкатҳои истеҳсолии вилояти Хатлон, аз ҷумла ҶДММ “Насими Куҳсор”, ҶДММ “Хасанҷон-2017”, ҶДДМ “Форсиён” ҶДДМ “Маҳсулоти Ширӣ”, ҶДДМ “Насими Вахш” ва ғайра ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки сафари ҳайати мазкур бо дастгирии шарикони рушди кишвар ва мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил карда шуда, меҳмонон аз Намоишгоҳи байналмилалии «Хӯрокворӣ, компонентҳо ва технологияҳои истеҳсолӣ - UzFood 2022” диданд намуданд.

Тоҷирони вилояти Хатлон дар рафти сафар бо роҳбарони бузургтарин шабакаҳои фуруши чакана, аз ҷумла Макро, Корзинка, Каррефур, Барака, Хавас ва ғайра вохӯрӣ баргузор намуда, дар масъалаҳои истеҳсоли консерваи меваю сабзавот, коркарди маҳсулоти хоҷагии қишлок, ташкили истеҳсолот ва фурӯши он дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ табодули афкор намуданд .

Дар рафти сафар тоҷирони вилояти Хатлон бо Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Раҳмонзода вохӯри намуда, доир ба тақвият бахшидани робитаҳои иқтисодӣ бо доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон изҳори назар намуданд.

Зимни мулоқот А. Раҳмонзода ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои мухталифи ҳамкориро, аз ҷумла агросаноат, басту банди маҳсулоти тайёр, таблиғоти зарурӣ маҳсулот ва истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсолот пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин, омодагии хешро вобаста ба мусоидат ва ташкил намудани вохӯриҳо бо сохторҳои давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии давлати иқомат, инчунин бо фаъолоне, ки дар рушди иқтисодиёти давлати иқомат иштирок менамоянд иброз намуд.

Қарор аст, ҳайати мазкур рӯзҳои 1-2 апрели соли ҷорӣ ҷиҳати шиносоӣ аз фаъолияти бузургтарин истеҳсолкунандагони зарфҳои пластикӣ барои маҳсулоти ширӣ дар Ӯзбекистон «TESPACK» ва ширкатҳои истеҳсоли маҳсулоти ширии ферментӣ: кефир, биокефир, қаймоқ, сметана, айран, йогурт, панир ва ғайра ба вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намоянд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg