ДАРХОСТКУНАНДАГОНИ РАВОДИД, ХУШ ОМАДЕД!
Раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи Шабакаи иттилоотии электронӣ дода мешавад.
Шаҳрвандони хориҷӣ барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагиҳои дипломатӣ ва Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз тариқи шабакаи иттиллоотии www.visa.gov.tj муроҷиат кунанд.
Ҳамзамон, шаҳрандони хорҷии кишварҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо усули соддакардашудаи судури раводидро раво дидааст, метавонанд аз тариқи шабакаи www.evisa.tj бе муроҷиати мустақим ба намояндагиҳои дипломатӣ ва Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди электронии худро дастрас кунанд.
НАВЪҲОИ РАВОДИД
Вобаста ба мақсади вуруд ва будубош дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон раводидҳо ба навъҳои зерин тақсим мешаванд:
1. Раводиди навъи «Д» – ба сарони давлатҳо, раисони ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, аъзои ҳайати расмии давлатҳои хориҷӣ, агентҳои дипломатии намояндагиҳои дипломатӣ ва шахсони мансабдори консулии муассисаҳои консулӣ, кормандони идораҳои сиёсати хориҷӣ, курерҳои дипломатӣ ва консулии хориҷӣ, кормандони намояндагии ташкилотҳои байналмилалӣ, ки мақоми дипломатии онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, мушоҳидоне, ки тибқи шартномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон назоратро ба амал мебароранд ва аъзои оилаҳои шахсони номбурда, ки дорои шиносномаи дипломатӣ мебошанд, дода мешавад. Дар ҳолате, ки мақоми дипломатии шаҳрванди хориҷии шиносномаи дипломати надошта аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошад, ба ӯ раводиди дипломатӣ додан мумкин аст. Дар ҳолате, ки шаҳрванди хориҷӣ шиносномаи дипломатӣ дошта бошаду мақоми дипломатии ӯ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф нашуда бошад (дар ҳолати сафари хусусӣ), ба ӯ мумкин аст раводиди навъи дигар вобаста ба мақсади сафараш дода шавад.
2. Раводиди навъи «X» - ба аъзои ҳайати расмии хориҷӣ, кормандони техникӣ-маъмурӣ ва хизматрасонии намояндагиҳои дипломатӣ, хизматчиёни консулӣ ва кормандони соҳаи хизматрасонии муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсоне, ки бо худ почтаи дипломатӣ доранду шиносномаи дипломатӣ надоранд, консулҳои фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хизматӣ бо супориши вазорату идораҳои давлати хориҷӣ ва ё бо даъвати вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз навъи шиносномаҳояшон ва инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда дода мешавад.
3. Раводиди навъи «С» - ба роҳбарони ширкату корхонаҳое, ки ба таври воқеӣ дар сармоягузории иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок менамоянд, инчунин ба аъзои оилаи онҳо дода мешавад.
4. Раводиди навъи «К» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ва аъзои оилаи онҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин ташриф овардаанд, дода мешавад:
5. Раводиди навъи «М» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд, инчунин ба аъзои оилаи чунин шахсон дода мешавад.
6. Раводиди навъи «Т» - ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сайёҳ ташриф меорад, дода мешавад.
7. Раводиди навъи «О1» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои зерин сафар менамоянд, дода мешавад:
8. Раводиди навъи «О2» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки барои таълим, гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва иштирок дар курсҳои омӯзиши забон ё курсҳои такмили ихтисос ташриф оварданианд, дода мешавад.
9. Раводиди навъи «ХС1» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои табобат, ташхис ва аёдати хешовандону дӯстон ва барои дигар мақсадҳои шахсӣ (иштирок дар тӯю маъракаҳо, маросими дафн ва дигар маъракаҳои шахсӣ) ташриф оварданианд, дода мешавад.
10. Раводиди навъи «ХС2» танҳо ба собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба аъзои оила ва хешовандони наздики шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташрифи муваққатӣ дода мешавад.
11. Раводиди навъи «МОИ» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва тиҷоратиро ба амал мебароранд, дода мешавад.
12. Раводиди навъи «Н» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд - ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки ҳамлу нақли байналмилалии бору мусофиронро ба амал мебароранд, дода мешавад.
13. Раводиди навъи «ИД» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намудаанд, то гирифтани иҷозати иқомати доимӣ дода мешавад.
14. Раводиди навъи «Ж» - ба мухбирон, наворбардорон, рӯзноманигорон ва дигар кормандони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ, инчунин аъзои оилаи шахсони номбурда, дар сурати аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудани онҳо, дода мешавад.
15. Раводиди навъи «ТБ» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба ҳайси корманд дар ташкилотҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шудаанд, фаъолият менамоянд ё карданианд, дода мешавад.
16. Раводиди навъи «Б» - ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади овардан ё ҳамроҳӣ намудани борҳои кумаки башардӯстона ва ё дигар шахсоне, ки барои расонидани ёрии башардӯстона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд, дода мешавад.
17. Раводиди навъи «ТР» – ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо мақсади транзит тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати таъинот ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ ва заминӣ сафар доранд, ба муҳлати то 72 соат дода мешавад. Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки тавассути фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои сеюм транзит дорад, раводид талаб карда намешавад, ба шарте ки ӯ Сарҳади давлатиро тавассути нуқтаи гузаргоҳи Сарҳади давлатӣ убур нанамояд. Дар ҳолатҳои форс-мажор (заминларза, обхезӣ ва дигар ҳолатҳое, ки дар натиҷаи он парвози нақлиёти ҳавоӣ бештар аз 24 соат номумкин мегардад), шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба давлатҳои сеюм транзит доранд, метавонанд бе раводид то ба эътидол омадани вазъият ба меҳмонхонаҳо эвакуатсия карда шаванд. Ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ки тавассути нақлиёти сабукрави заминӣ ба давлати таъинот сафар дорад, раводиди транзитӣ ба муҳлати барои транзит зарурӣ бо хатсайри кӯтоҳтарин дода мешавад. Муҳлати мазкур аз гашти шабонарӯзии воситаи нақлиёт баробар ба 400 км ҳисоб карда мешавад. Раводиди транзитӣ ба шарте дода мешавад, ки агар аризадиҳанда дорои раводиди давлате бошад, ки ба он тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар дорад ё ин ки раводид барои сафар ба давлати сеюм зарур набошад. Раводиди транзитии бисёркарата дар ҳолате дода мешавад, ки агар аризадиҳанда раводиди мутобиқан бисёркаратаи давлатеро, ки ба он сафар дорад, дошта бошад, ё ин ки барои сафар ба давлати сеюм раводид талаб карда нашавад.
18. Раводиди навъи «Хуруҷӣ» - аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ аз ҷониби намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар муҳлати ҳудудро тарк накардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бо қарори мақомоти дахлдор дар бораи номатлуб будани будубоши шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд ва ё қатъ гаштани шартномаи меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи истиқомати доимӣ доранду аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои дигар мераванд, дода мешавад. Раводиди хуруҷӣ ба муҳлати на зиёда аз 7 рӯз дода мешавад. Дар ҳолати дар муҳлати нишондода, бо сабабҳои узрнок ҳудудро тарк накардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд, ба ӯ раводиди дигари хуруҷӣ ба муҳлати то 3 рӯз дода мешавад. Шахсе, ки раводиди хуруҷӣ дораду бе сабабҳои узрнок дар муҳлати нишондода аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебарояд, кирдори ӯ ҳамчунин амали вайрон намудани қоидаи будубош дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида шуда, ба таври маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун карда мешавад. Ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи истиқомати доимӣ доранду аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомати доимӣ ба кишварҳои дигар мераванд, раводиди хуруҷӣ дар асоси иҷозати Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Аз шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки парвози бетаваққуфро ба воситаи нақлиёти ҳавоӣ аз фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, раводид талаб карда намешавад. Ҳайати экипажи ҳавоӣ дар асоси Эъломияи умум мутобиқи талаботи ИКАО тариқи гурӯҳӣ вуруду хуруҷ мешаванд.
Раводиди навъи муносиб ба аъзои оилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо шарти будубоши якҷоя бе ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ бидуни навъҳои сайёҳӣ ва транзитӣ дода мешавад, агар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
НОМГӮИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶИЕ, КИ ШАҲРВАНДОНИ ОНҲО ҲУҚУҚИ БО ТАРТИБИ СОДДА ГИРИФТАНИ РАВОДИДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ДОРАНД
1. Австралия
2. Ҷумҳурии Австрия
3. Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир
4. Ҷумҳурии Мисри Араб (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)
5. Ҷумҳурии Аргентина
6. Ҷумҳурии Булғористон
7. Гертсогии Бузурги Люксембург
8. Ҷумҳурии Маҷористон
9. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам
10. Бруней-Доруссалом
11. Давлати Исроил
12. Ҷумҳурии Юнон
13. Ҷумҳурии Халқии Хитой
14. Ҷумҳурии Ирландия
15. Ҷумҳурии Исломии Эрон
16. Ҷумҳурии Исландия
17. Ҷумҳурии Италия
18. Канада
19. Давлати Қатар
20. Ҷумҳурии Кипр
21. Ҷумҳурии Эстония
22. Япония
23. Шоҳигарии Баҳрайн
24. Шоҳигарии Белгия
25. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун
26. Шоҳигарии Дания
27. Шоҳигарии Испания
28. Шоҳигарии Марокаш
29. Шоҳигарии Нидерландия
30. Шоҳигарии Норвегия
31. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
32. Шоҳигарии Шветсия
33. Давлати Кувайт
34. Ҷумҳурии Латвия
35. Ҷумҳурии Литва
36. Ҷумҳурии Лубнон
37. Малайзия
38. Ҷумҳурии Малта
39. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика
40. 3еландияи Нав
41. Аморати Муттаҳидаи Араб
42. Султонати Уммон
43. Ҷумҳурии Лаҳистон
44. Ҷумҳурии Португалия
45. Ҷумҳурии Корея
46. Ҷумҳурии Индонезия
47. Ҷумҳурии Хорватия
48. Руминия
49. Ҷумҳурии Сингапур
50. Ҷумҳурии Словакия
51. Ҷумҳурии Словения
52. Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ
53. Иёлоти Муттаҳидаи Америка
54. Шоҳигарии Таиланд
55. Ҷумҳурии Туркия
56. Ҷумҳурии Тунис
57. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия
58. Ҷумҳурии Федеративии Германия
59. Ҷумҳурии Филиппин
60. Ҷумҳурии Финляндия
61. Ҷумҳурии Франсия
62. Ҷумҳурии Чехия
63. Конфедератсияи Швейтсария
64. Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ
65. Ҷумҳурии Исломии Покистон (нисбати раводидҳои «С», «МОИ», «Т», «Н»)
66. Ҷумҳурии Ҳиндустон (нисбати раводидҳои «С», «МОИ», «Н»)
67. Ҷумҳурии Яман (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)
68. Туркманистон
69. Ҷумҳурии Боливиарии Венесуэла
70. Ҷумҳурии Ӯзбекистон (нисбати раводидҳои «Д», «Х», «С», «МОИ», «Н»)
71. Шоҳзодагии Андорра
72. Вотикон
73. Шоҳзодагии Лихтенштейн
74. Шоҳзодагии Монако
75. Ҷумҳурии Куба
76. Ҷумҳурии Чили
77. Муғулистон
78. Ҷумҳурии Сенегал (нисбати раводидҳои «Д» ва «Х»)
Эзоҳ:
Шахсони бешаҳрванд, собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.
Давлатҳое, ки ба номгӯи зикргардида дохил нашуданд, метавонанд дар асоси шартномаҳои дуҷониба ё дар асоси рафтуомади бераводиди мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар тартиби соддаи гирифтани раводидро ба роҳ монанд.
Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, инчунин принсипи мутақобила, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тартиби соддакардашударо муваққатан боздошт намояд.
ТАРИФҲОИ
боҷҳои консулии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон
(ба доллари ИМА)
Барои судури раводиди "вуруд-хуруҷ"-и Ҷумҳури Тоҷикистон
Ба муҳлати то 1 моҳ 30
Ба муҳлати то 3 моҳ 40
Ба муҳлати то 6 моҳ 90
Ба муҳлати то 1 сол 150
Убурӣ 10
Хазинаи раводиди сайёҳӣ 25 $ мебошад.
Барои судури раводид дар ҳолатҳои зерин ҳазина ситонида намешавад:
Эзоҳ:
-барои хизматрасонии консулие, ки дар Тарифҳои мазкур дарҷ нагардидаанд, боҷҳои консулӣ тибқи Тарифаҳои ҳазинаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 546 (Замимаи 6) аз 2 ноябри соли 2007 тасдиқ гардидааст, ситонида мешаванд.