16 октябри соли 2024 дар шаҳри Табрези Ҷумҳурии Исломии Эрон Намоишгоҳи севуми байналмилалии сайёҳии Табрез – 2024 ифтитоҳ ёфт, ки дар он бо кӯшиши Сафорати Тоҷикистон дар Эрон ғурфаи сайёҳии Тоҷикистон ташкил гардид Маводи ин ғурфа, ки зарфият ва тавонмандиҳои сайёҳии кишвари моро ба намоиш гузоштааст, мавриди таваҷҷуҳи амиқи боздидкунандагони Намоишгоҳ қарор гирифт.
Дар рӯзи аввали Намоишгоҳ Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастии ҶИЭ Солеҳии Амирӣ, Раиси вилояти Озарбойҷони шарқӣ Баҳроми Сармаст ва масъулини Табрез аз ғурфаи Тоҷикистон боздид намуда, зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистонро заминаи мусоид барои тақвияти ҳамкориҳои сайёҳӣ бо кишвари биҳиштосои мо донистанд.
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Табрез, ки дар он беш аз 300 ширкати эронӣ ва хориҷӣ ширкат меварзанд, то 20 октябри соли ҷорӣ давом мекунад.