18 апрели соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Низомиддин Зоҳидӣ бо Раиси Донишгоҳи тиббии Шаҳид Биҳиштии Теҳрон доктор Алиризо Золӣ ва ҳайати раёсати донишгоҳи мазкур мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни донишгоҳҳои тиббии ду кишварро дар самтҳои такмили ихтисоси табибон, баргузории давраҳои омӯзишӣ, анҷоми лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва тарбияи кадрҳои соҳаи тиббӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

