Дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон 08 майи соли 2024 35-умин давраи Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон ифтитоҳ ёфт. Дар Намоишгоҳ бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ғурфаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Дар ғурфа асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, теъдоди зиёди китобҳои тозанашри олимону адибони Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудааст.
Ғурфаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи китобдӯстони эронӣ қарор гирифтааст.
Намоишгоҳи мазкур то 18 майи соли ҷорӣ идома меёбад.