10 майи соли 2024 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ аз Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон боздид намуд. Дар доираи Намоишгоҳ мулоқотҳои Сафир бо мудири Кумитаи ноширони хориҷии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷон Алипур ва дигар шахсони расмӣ, адибон ва дӯстодорони адабиёти тоҷик баргузор гардид.
Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ғурфаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳ ташкил гардид. Ғурфа бо тарҳу услуби замонавӣ ва нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, дар он осори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри адибон ва донишмандони тоҷик ба намоиш гузошта шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз бузургтарин рӯйдодҳои фарҳангии ҳамасолаи Эрон ба шумор рафта, дар он ноширони китоб аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат меварзанд. Намоишгоҳ то 18 май идома пайдо мекунад.