Санаи 30 майи соли 2024 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон чорабинии варзишӣ (мусобиқаи футболи хурд) бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва эълон гардидани 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол бо иштироки кормандони Сафорат ва ҳамватанони тоҷики муқими Теҳрон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ Сафири кишвар иштирокчиёни мусобиқаи футболро ба муносибати Рӯзи ҷавонон ва Рӯзи ҷаҳонии Футбол самимона табрик гуфта, аз дастгириву ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонон ёдовар шуда, иброз дошт, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Иброз гардид, ки бо саҳми Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби ҷаҳониён пазируфта шуд ва хусусияти байналмилалӣ гирифт. Инчунин, қайд гардид, ки бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад.

