16 июни соли 2024 мулоқоти Сафир бо доктор Алиризо Золӣ - Ректори Донишгоҳи улумпизишкии “Шаҳид Биҳиштӣ”-и шаҳри Теҳрон баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо самтҳои ояндадори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои соҳавӣ, аз ҷумла баргузории нишастҳои илмию пажӯҳишӣ ва табодулли ҳайатҳои тиббии ду кишварро баррасӣ намуданд.
