18 июни соли 2024 Сафири кишвар аз Маркази тиббию тадқиқотии дилу рагҳои ба номи Шаҳид Раҷоии шаҳри Теҳрон боздид намуда, бо Раиси Маркази мазкур Фаридун Нуҳӣ мулоқот кард.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба имконоти ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаи тиб табодули назар карданд. Дар вохӯрӣ устодон ва мутахассисони Маркази мазкур, Директори Муассисаи давлатии тиббии “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, Сардухтури “Маркази тиббии шахрии №2” Раҳмонов Ҷумахон ва таҷрибаомӯзони тоҷик, ки дар Маркази тиббию тадқиқотии дилу рагҳо давраи омӯзишӣ мегузаранд, ширкат доштанд.

