13 августи соли 2024 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбари Пулиси байналмилалии Эрон Маҷид Каримӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.

